Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд

Февраль 6, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни баргузории иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма барои шарҳу тавзеҳ ва ба аҳолӣ фаҳмондани мазмуну моҳияти тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида дар самти пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард даъват намуданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дар айни замон бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанбе дар маҷмуъ 14 ҳазору 126 нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 701 нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1210 микроавтобуси бахши хусусӣ ва 12 ҳазору 215 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд.

Инчунин бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар доираи татбиқи лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда дар шаҳри Душанбе» ҳоло 149 камераи назоратӣ насб гардида, фаъолияти онҳо мавриди истифода қарор дода шудааст.

Бояд иброз намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулин муваззаф мешаванд, ки ҳаракат ва танзими оқилонаи нақлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум ва дигар воситаҳои нақлиётро дар хиёбону кӯчаҳои ҳамшафат ба роҳ монанд.

Дар доираи ин дастурҳо ва дар доираи лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок «City parking» дар ҳудуди кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе то инҷониб дар 308 минтақа таваққуфгоҳҳои музднок, дар 81 чорроҳаи автомобилгард 205 камераи назоратӣ ва дар 58 кӯчаю роҳҳо 67 камераи суръатсанҷ насб гардидааст.

Дар баробари ин, бо мақсади беҳтарнамоии сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии пойтахт низоми электронии навигатсияи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ таҷҳизоти «GPS — tracker» ва сенсори баҳисобгирии ҷараёни мусофирон дар 510 автобус ва 103 троллейбус, инчунин дар давраи ҳисоботӣ дар 57 электробус таҷҳизоти мазкур насб карда шуд.

Солҳои охир маҳз бо иқдом ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи роҳсозӣ рушд намуда, дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе роҳҳои мошингарди истифодаи умум, аз ҷумла роҳҳои сесатҳа (эстакадаҳо) ба истифода дода шудаанд. Ин ба бехатарии пиёдагардон ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт мусоидат менамояд.

Тибқи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, дар пулҳо, роҳҳои болои ҳам сохташуда, роҳҳои сесатҳа (эстакадаҳо) гаштугузор, рафтуомади пиёдагардон манъ буда, онҳо танҳо бояд аз гузаргоҳҳои зеризаминии дар сатҳи дуюм сохташуда истифода намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад