23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд

Февраль 23, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсис вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии мамлакат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро бар дӯш гирифтанд. Ба тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 феврали соли 2024 зимни паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол сипарӣ гардид. 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

Бо вуҷуди шароити бисёр душвор соли 1993 нахустин маротиба  дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузашти низомии қисму воҳидҳои навтаъсиси Артиши миллӣ доир гардид. Аз он рӯз санаи 23 феврал расман Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирӣ ва иқдому ташаббусҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши ҷавони Тоҷикистон давраҳои ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, бунёди навъи қӯшунҳо, қисмҳои низомӣ, марҳилаҳои рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ, татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идории ҳарбиро аз сар гузаронида, дар роҳи пурзӯру мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат қадамҳои устувор гузошта, дар самти ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ба неруи бузургу қудратманд табдил ёфт.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар доираи ислоҳоту навсозии Қувваҳои Мусаллаҳ навгониҳои зиёду назаррас ворид карда шуданд. Хусусан дар сохтори таркибии дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, навъи қӯшунҳо, қисму воҳидҳои низомӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбии оливу миёнаи тобеи ин ниҳоди қудратӣ ва дигар идораҳои низомӣ тағийроти куллӣ ба амал омаданд. Аз ҳама муҳим, ин бунёди навъи қӯшунҳо мебошад, ки бо омодабошии баланди ҷангӣ иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам нигоҳ медоранд. Инчунин дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ: Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал ва қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ташкил карда шуданд.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадди ташаккул расида, барои ҳифзи марзу буми мо ба ниҳоди муташаккил табдил ёфтааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои мавҷуда ниҳоди ҳарбии давлатӣ ва вазифадор дар ҳифзи тамомияти арзии мамлакат мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 23, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ