33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол сипарӣ мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят ҳассосу тақдирсоз — вақте ки мамлакат дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт ва ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд, бо ҷасорат ва таҳаммулпазирӣ Артиши миллиро аз сифр бунёд карда, пояҳои устувори амният ва истиқлолро таъмин намуданд. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барои насли наврас намунаи ватандӯстӣ, шуҷоат ва садоқати воқеӣ ба Ватан гардидааст.
— Ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ 23 феврал чун Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси ифтихор ва қадршиносӣ таҷлил мегардад. Ин сана рамзи пойдории давлатдорӣ ва яке аз пояҳои муҳими истиқлоли миллӣ ба шумор меравад. Артиши миллӣ на танҳо ниҳоди ҳарбӣ, балки кафили субот, амният ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ мебошад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар давраи ниҳоят ҳассосу мураккаби таърихӣ, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ, замоне таъсис ёфтанд, ки давлат бо хатарҳои ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд. Норасоии заминаҳои моддӣ-техникӣ, идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъи ноороми дохилӣ раванди ташаккули сохторҳои низомиро душвор мегардонд. Бо вуҷуди ин, пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси расмии Қувваҳои Мусаллаҳ заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ фароҳам оварда шуд.
23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва ин сана рӯзи таъсиси Артиши миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон давра то имрӯз Артиши миллӣ марҳилаҳои гуногуни ташаккул ва таҳкимро тай намуда, аз сохтори навтаъсис ба неруи муназзаму қобили ҳифзи амнияти миллӣ табдил ёфт.
Дар шароите, ки давлат аз сифр ба ташкили артиш оғоз намуд, тадбирҳои пайгирона имкон доданд, ки пояҳои ҳуқуқӣ, сохторӣ ва моддӣ-техникии он марҳила ба марҳила таҳким ёбанд. Қабули қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мудофиа асоси фаъолияти муназзами артишро таъмин намуд. Имрӯз дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ қӯшунҳои хушкигард, зудамал, ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, инчунин дигар воҳидҳои низомӣ фаъолият доранд. Онҳо дар ҳифзи истиқлол, тамомияти арзӣ ва амнияти шаҳрвандон нақши калидӣ мебозанд. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон дод, ки Артиши миллӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таъмини суботу оромӣ хизматҳои арзанда анҷом додааст.
Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст. Баланд гардидани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти ҷавонон, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегарданд, нишондиҳандаи эътимод ба давлат ва ифтихор аз Артиши миллӣ мебошад. Дар ин раванд ҳамкории сохторҳои дахлдор, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа барои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас аҳамияти махсус дорад.
Дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбанда ва таҳдидҳои муосир таҳкими иқтидори мудофиавии ҷумҳурӣ, боло бурдани сатҳи касбият ва омодагии ҳарбӣ, инчунин тарбияи насли наврас вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа боқӣ мемонад. Артиши миллӣ имрӯз ба неруи боэътимоде табдил ёфтааст, ки метавонад амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз намояд. 23 феврали соли 2026 ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол пур мегардад. Дар ин муддат Артиши миллӣ аз як сохтори навтаъсис ба неруи муназзаму касбӣ табдил ёфта, таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулият баланди фаъолият мекунад. Артиш яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, на танҳо рамзи истиқлол, балки кафили ҳифзи он мебошад. Масъулияти ҳимояи марзу буми ҷумҳурӣ, таъмини субот ва амнияти ҷомеа бар дӯши ҳамин ниҳод аст. Ин рисолат рисолати шарафмандона аст, зеро ҳар нафаре, ки либоси ҳарбӣ ба бар мекунад, номи муҳофизи Ватанро соҳиб мешавад.
Раванди ташаккули артишро метавон ба се марҳила ҷудо кард: ташкили заминаи ҳуқуқию моддӣ, такмили сохтор ва навъҳои асосии қӯшунҳо ва давраи таҳким баъд аз барқароршавии сулҳу субот. Имрӯз қӯшунҳои хушкигард, зудамал, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ фаъолият дошта, сатҳи омодагии ҷангии онҳо мунтазам баланд бардошта мешавад. Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон мактаби шуҷоат ва масъулият мебошад. Солҳои охир афзоиши ихтиёрии ҷавонон ба сафи артиш нишон медиҳад, ки сатҳи худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон боло рафтааст. Дар ин раванд нақши оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа муҳим мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамзамон дар доираи ҳамкории байналмилалӣ бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои марбута машқҳои муштарак баргузор намуда, таҷриба ва малакаи касбии ҳайати шахсиро такмил медиҳанд. Ин ҳамкорӣ ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир мусоидат менамояд.
Имрӯз метавонем бо итминон иброз намоем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба неруи боэътимоде табдил ёфтааст, ки қодир аст истиқлол, тамомияти арзӣ ва амнияти давлатро ҳифз намояд. Мардуми ҷумҳурӣ дар симои он сипари устувори Ватанро мебинанд ва бо боварӣ ба ояндаи осоишта қадам мегузоранд.
Ҳанӯз дар солҳои барои давлату миллат ҳассосу тақдирсоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши сазовори аскарону афсарони далери Ватан дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ишора намуда, чунин таъкид доштанд: «Аз ибтидои таъсиси худ то имрӯз Артиши миллии мо дар барқарор сохтани сулҳу оромӣ дар саросари ҷумҳурӣ, муҳофизати дастовардҳои замони истиқлол ва тамомияти арзии мамлакат талошу муборизаҳои шоёни тақдир анҷом дод».
Дар остонаи ин санаи таърихӣ ҳар фарди ватандӯст беихтиёр роҳи тайнамудаи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеши назар мегузорад. Омӯзиши таҷрибаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои насли наврас аҳамияти бузург дорад, зеро афсарону сарбозоне, ки дар он солҳо қарзи ватандӯстиро садоқатмандона иҷро карданд, сабақи таърихӣ ва намунаи шуҷоат барои ҷавонони имрӯз мебошанд.
Артиши миллӣ имрӯз мактаби тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ мебошад. Дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, садоқат ба Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия кардани насли ҷавон вазифаи ҷонии ҳар шахс аст. Ҷаҳони муосир пур аз таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуб аст, бинобар ин, тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа мебошад. Танҳо бо садоқат ба Ватан ҳар шахс метавонад манфиатҳои давлату миллатро ҳифз намояд.
Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад. Мо, ҷавонони саодатманди замони истиқлол тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона месозем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ барои ояндаи неки ҷумҳуриамон устувору ҷовидон боқӣ монад.
Фирдавс АЛИЕВ,
муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ






