35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд

Февраль 6, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи саноат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаҳои саноатӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.

Аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анқо Инвест» дар 3 гектар корхонаҳои бузурги забҳи мурғ, тозакунӣ ва бастубанди маҳсулот бунёд мешаванд.

Дар корхона таҷҳизоту технологияҳои муосири давлатҳои Чин, Швейтсария ва Федератсияи Русия васлу насб карда мешаванд. Инчунин аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анқо Инвест» корҳои барориши чӯҷа, парвариши мурғ то истеҳсоли гӯшт ба роҳ монда хоҳад шуд.

Баъди ба фаъолият оғоз намудани ин корхона, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд мешавад, 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Дадоматов барои таъмини бозор бо масолеҳи сохтмонӣ корхонаи истеҳсоли ширеши сохтмонӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газоблок фаъолият мекунад.  Корхонаи истеҳсоли газоблок дар айни замон фаъолияти муназзам дошта, маҳсулоти он барои бунёди иншооти таъйиноти гуногун васеъ истифода мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Февраль 6, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд