Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар шаҳри Лондон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, сармоягузорӣ ва ҳуқуқӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар вохӯрӣ намояндагони European Bank for Reconstruction and Development (Бонки аврупоии таҷдид ва рушд), Asian Infrastructure Investment Bank (Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ), Eurasia Critical Minerals Organisation (Созмони авруосиёии маъданҳои муҳими стратегӣ), MINEX Forum, инчунин ширкати ҳуқуқии байналмилалии Norton Rose Fulbright иштирок намуданд.
Зимни вохӯриҳо масъалаҳои ҷалби сармоягузории мустақим, рушди инфрасохтор ва энергетика, истифодаи иқтидори маъданҳои муҳим, такмили заминаи ҳуқуқӣ барои сармоягузорон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Бояд иброз намуд, ки вохӯриҳо ба таҳкими муколама бо шарикони байналмилалӣ, муаррифии имконияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти мавқеи мамлакат ҳамчун самти боэътимоди сармоягузорӣ дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






