Ҷаласаи миллӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд баргузор шуд

Февраль 17, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ  «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ҷаласаи машваратии миллӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд ва дастурҳои методологии чаҳорчӯбавӣ оид ба арзёбии таъсири экологӣ барои неругоҳҳои барқи обии хурд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Иброз гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои пешбурди соҳаи гидроэнергетика якчанд ҳуҷҷати стратегӣ,  аз ҷумла барномаҳои сохтмони неругоҳҳои хурди барқӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои давраҳои гуногун ва «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030»-ро қабул намудааст. Дар доираи ин ташаббусҳо дар Тоҷикистон зиёда аз 300 неругоҳи хурди барқӣ ба истифода дода шуд.

Дар ҷаласа муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Шариф Маҳмадзода иброз намуд, ки рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса дошта, омили муҳими таъмини рушди устувор, амнияти энергетикӣ ва коҳиши хатари тағйирёбии иқлим мебошад. Дар шароити релефи кӯҳистон ва мавҷудияти шумораи зиёди дарёҳо бунёди неругоҳҳои барқи обии хурд барои таъмини барқи минтақаҳои дурдаст ва душворгузар хеле муҳим мебошад.

Такъид гардид, ки бо вуҷуди дастовардҳо ҳамоно мушкилиҳо низ  ҷой доранд. Қисми зиёди неругоҳҳои амалкунанда солҳои пеш бунёд шуда, ба таҷдиду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоти муосир ниёз доранд.

Зимни ҷаласа сохтор, ҳадаф ва мақсадҳои дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд ва дастурҳои методологии чаҳорчӯбавӣ оид ба арзёбии таъсири экологӣ барои неругоҳҳои барқи обии хурд баррасӣ гардиданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 17, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид