Ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ ва муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардид

Февраль 18, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи  захираҳои об ва муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин шарикони рушд баргузор гардид.      Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода иброз намуд, ки ҷаласаи муштарак яке аз муҳимтарин майдонҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳама сохторҳои соҳавӣ буда, барои муттаҳид намудани талошҳои Ҳукумат, шарикони рушд ва доираҳои коршиносӣ дар роҳи таҳияи қарорҳои мувофиқшуда, инчунин татбиқи босамари барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ дар бахши об аҳамияти калон дорад.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба дастовардҳои ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии амалҳои минбаъда дар соҳаи об, раванди татбиқи «Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029», омодагӣ ва баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устовор, солҳои 2018-2028», ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар назар аст ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 18, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад