Ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар Тоҷикистон раванди ислоҳоти соҳаи энергетика босуръат идома дорад. Чунин гуфта шуд дар ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳамадзода ва дигар намояндагони вазорату идораҳои марбута доир ба вазъ ва равандҳои татбиқи лоиҳа сухан намуданд.
«Дар самти такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва танзимкунандаи соҳа корҳои назаррас анҷом ёфтаанд. Ҳамчунин лоиҳаи Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар айни замон дар марҳилаи баррасӣ дар вазорату идораҳо қарор дорад. Қабули санади мазкур ба баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва рушди минбаъдаи соҳа мусоидат мекунад», – таъкид намуд вазир.
Дар ҷаласа натиҷаҳои бадастомада ва иқдоми анҷомёфта дар чорчӯбаи барнома муҳокима гардида, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ карда шуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






