Ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд

Февраль 13, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва  Раиси Девони Вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёт ва логистика,энергетика, саноати сабук ва маъдан, кишоварзӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

Нахуст Сарвазири кишвари мо Қоҳир Расулзода аз фазои мусоиди имрӯзаи ҳамкорӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз иродаи сиёсӣ ва хирадсолории роҳбарони кишварҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров ин саҳифаи навро дар таърихи муносибатҳо боз кард.

Тавре таъкид карда шуд, соли 2025 марҳилаи таърихӣ дар муносибатҳои байни Тоҷикистон ва  Қирғизистон ба ҳисоб рафта, сатҳи баланди муколамаи сиёсии дуҷониба ва уҳдадории ду кишварро барои бунёди низоми устувори муносибатҳои байнидавлатӣ собит менамояд.

Анҷоми бомуваффақияти раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун омили муҳими таҳкимбахши  амният ва субот на танҳо дар ду кишвар, балки дар тамоми минтақа арзёбӣ гардид.

Таъкид карда шуд, ки Шурои байниҳукуматии навтаъсиси Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун механизми муҳим барои рушди шарикии дуҷониба ва татбиқи ҳамаи созишномаҳое, ки дар сатҳи роҳбарони давлатҳо ба даст омадаанд, хизмат мекунад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода изҳор намуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳавасманд мебошад  ва Шурои байниҳукуматӣ фароҳамсози шароит ва имкониятҳои зиёд барои пешбурди ташаббусҳои муштарак, густариши ҳамкории тиҷоратию  иқтисодӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок хоҳад буд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои амалисозии  санадҳои ҳамкории дуҷониба  ва рушди минбаъдаи шарикӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон таъкид намуд.

Дар ҷаласаи Шурои байниҳукуматӣ ҷонибҳо нақшаҳоро барои таъмини иҷрои  мунтазами санадҳои  ҳамкорӣ  дар ҳама самтҳо, инчунин роҳҳои нави густариши минбаъдаи ҳамкориро  дар соҳаҳои гуногун муайян намуданд.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки ҷаласаи имрӯза барои фаъолгардонии ҳамкории минбаъда ва таҳким бахшидани он замина ва имконоти заруриро фароҳам месозад.

Пас аз анҷоми ҷаласа, Протоколи ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази содиротии Қирғизистон оид ба рушд ва пешбурди содирот дар назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.

Февраль 13, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд