Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ 16 феврал дар шаҳри Тошканд вохӯрии ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба рушд ва тавсеаи равобити мутақобили судманд дар самти муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳадафи асосии сафари ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон омӯзиши таҷрибаи Агентии муқовимат ба коррупсияи ин кишвар ба роҳ мондани чораҳои пешрафтаи муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






