РУШДИ САНОАТИ ФАРМАТСЕВТИИ ВАТАНӢ. Дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пӯсти меваи анор дору тайёр мекунанд
ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ унвонҷӯи кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бахтиёр Арзиматов ҳамроҳ бо донишҷӯи курси чоруми факултети фарматсевтӣ Муниса Анварова ва мудири Пойгоҳи дорусозии Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Пайрав Халифаев омӯзиши ҳамаҷонибаи пӯстлохи меваи анорро ҳамчун манбаи дастрас ва дурнамодори маводи доруӣ анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, натиҷаи таҳқиқот ба таҳия ва истеҳсоли шакли ниҳоии доруворӣ — таблеткаҳо барои истифода дар ҳолатҳои камхунӣ равона гардида, марҳилаи озмоишҳои лабораторӣ натиҷаҳои мусбат нишон додааст.
Лоиҳаи мазкур дар Озмуни умумидонишгоҳии «Ихтироъкорони ояндасоз» дар байни зиёда аз 30 лоиҳаи илмӣ-инноватсионӣ сазовори ҷойи якум гардид. Ин аз аҳамияти баланди илмӣ-амалӣ ва сатҳи навоваронаи ин таҳқиқот шаҳодат медиҳад.
Аҳамияти ихтироъ:
— истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва арзон (пӯстлохи анор), коҳиши вобастагӣ аз доруҳои воридотӣ;
-дорои моддаҳои биологӣ-фаъол, антиоксидантҳо ва микроэлементҳо будани он аст, ки ба беҳтаршавии хунсозӣ мусоидат менамоянд;
— паст шудани арзиши дору ва дастрас гардидани он барои аҳолӣ;
— коркарди партовҳои кишоварзӣ ва мусоидат ба иқтисоди «сабз»;
— рушди дорусозии миллӣ ва татбиқи илм дар истеҳсолот.
Ин иқдом намунаи равшани пайвастани илм, истеҳсолот ва инноватсия буда, ба таҳкими амнияти дорувории мамлакат ва рушди саноати фарматсевтии ватанӣ мусоидат менамояд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон













Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






