Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон толори судӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, марказҳои тестӣ ва забономӯзӣ фаъолият менамоянд
ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 6 факултет, 30 кафедра, 5 бинои таълимӣ бо 135 синфхона, хобгоҳи замонавӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, маҷмаа ва майдони варзишӣ, 16 синфхонаи компютерӣ, кабинети лингафонӣ, лабораторияҳои тахассусӣ, толори судӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, марказҳои тестӣ ва забономӯзӣ фаъолият менамоянд. Дар ин хусус 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2025 ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Муминзода ба рӯзноманигорон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар раванди таълим дар донишгоҳ зиёда аз 2600 компютер ва таҷҳизоти техникии муосир мавриди истифода қарор дорад.
Дар нишаст иброз гардид, ки дар донишгоҳ таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани сифати таҳсил, такмили раванди таълиму тарбия, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ, густариши фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи касби ҳайати омӯзгорон равона гардидааст.
Ректори донишгоҳ ҳамчунин ба саволҳои рӯзноманигорон бобати бо ҷойи кор таъмин гардидани хатмкунандагон, дастгирии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, имтиёзҳо ба донишҷӯёни аълохон, истифодаи зеҳни сунъӣ дар донишгоҳ, табодули академӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, фаъолияти клиникаи ҳуқуқӣ, татбиқи таҳсилоти дуалӣ ва таъсиси марказҳои рушди касбият, вусъат додани созандагию бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои мубрам посух дод.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






