НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 344,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 ба маблағи 272,3 миллион сомонӣ зиёд буда, ҳаҷми афзоиши он 120 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Руслан Қодирзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои раиси ноҳия, аз 102 корхонаи саноатии қайдшудаи ҳудуди ноҳия дар ин давра 58 адад ҳаҷми истеҳсолотро зиёд, 36 адад ҳаҷми истеҳсолотро кам карда, 8 адад фаъолият накарданд.
«Соли 2025 дар ҳудуди ноҳия 8 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 703 ҷойи нави кор ташкил гардид. Таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва ба ин васила ташкил намудани ҷойи нави кор зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, оид ба ин масъала пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд», -афзуд раиси ноҳия.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд






