Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Зимни чорабинӣ раиси вилоят иброз намуд, ки маҳз дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ барои сарбозон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Изҳори итминон карда шуд, ки дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои пайваста сарбозони шуҷою далер барои ҳимояи марзу буми Ватан ва хоки аҷдодӣ ҳамеша кӯшиш намуда, намемонанд, ки қадами номуроди душман ба ин сарзамини аҷдодӣ гузошта шавад.
Барои сарбозон дасторхони идона ташкил гардида, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи консертӣ манзур гардонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон










Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад






