Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ — пояи суботи давлат» ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба институт.
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Артиши миллӣ-фарзанди аршади Истиқлолият», «Нақши бонувон дар Артиши миллӣ», «Артиши миллӣ-кафили суботи давлатӣ» ва «Тарбияи ҳисси ҳарбӣ-ватанпарастии насли ҷавон» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Маърузачиён марҳилаҳои ташаккул ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ, саҳми занон дар сохторҳои ҳарбӣ ва амниятӣ, масъалаҳои таҳкими иқтидори мудофиавӣ, нақши артиш дар таъмини суботи дохилӣ ва минтақавӣ, зарурати баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ дар байни ҷавононро иброз намуданд.
Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии ҳифзи истиқлолият ва амнияти миллӣ арзёбӣ гардида, аҳамияти идомаи чунин чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва суботи давлат махсус таъкид гардид.
АКС: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар самти астрофизика баррасӣ гардид






