Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ хабар медиҳад.
Ёддошти тафоҳуми баимзорасида ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти олӣ равона гардида, фароҳам овардани имконияти мусоид барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Шоҳигарии Муттаҳида — King’s College London-ро дар назар дорад.
Тибқи Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо имкон доранд дар самтҳои тарғиби имконияти таҳсил, мубодилаи иттилоот вобаста ба барномаҳои таълимӣ, раванди қабул ва хизматрасониҳои дастгирии донишҷӯён, инчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои марбут ба таҳсили донишҷӯёни бурсиявӣ ҳамкории судманд ба роҳ монанд.
Дар доираи ин ҳамкорӣ King’s College London омодагии худро барои расонидани дастгирии маъмурӣ ва машваратӣ ба донишҷӯёне, ки аз ҷониби Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба таҳсил равона мегарданд, иброз намуда, ҳамзамон таваҷҷуҳи худро ба ҷалби донишҷӯёни болаёқати тоҷик таъкид намуд.
Зимни музокирот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки татбиқи Ёддошти тафоҳум ба таҳкими робитаҳои академӣ, болоравии сатҳи касбии ҷавонони тоҷик ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф мусоидат мекунад.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»








МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






