Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Созишномаи молиявии грантии лоиҳаи «Рушди бозори неруи барқ ва ҳамоҳангсозии системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ дар доираи марҳилаи 1-уми равиши бисёрмарҳилаи барномавӣ» ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Созишномаи грантӣ 16 феврал аз ҷониби Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Раббаланд ба имзо расонида шуд.
Лоиҳа аз ҷониби Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронида шуда, барои Тоҷикистон маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 60 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудаанд.
Лоиҳа аз қисматҳои инфрасохторӣ ва ташаккули бозори фосилавии неруи барқ иборат буда, дар доираи он дар Тоҷикистон бунёди хати интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи барқии «Душанбе-500» то зеристгоҳи барқии «Регар-500» ва васеъсозии ин зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳи мукаммали лоиҳаи «Бунёди хати интиқоли барқи 500 кВ Роғун-Сайҳун» (Ҷануб-Шимол марҳилаи 2) пешбинӣ шудааст.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






