Дар ҷаласаи Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ чор лоиҳаи нав ба маблағи 82,5 миллион сомонӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷалби бештари сармояи хусусӣ ба иқтисоди миллӣ аз масъалаҳое буд, ки дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи ҳабдаҳуми Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Ҳоким Холиқзода баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ҷалби бештари сармояи хусусӣ ба иқтисоди мамлакат барарсӣ гардиданд.
Дар ҷаласаи ҳабдаҳуми Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ чор лоиҳаи нави шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешниҳод гардида, пас аз баррасии ҳамаҷониба оид ба амалисозии онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ – тандурустӣ, маориф, алоқа ва фарҳанг ба роҳ монда шуда, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ беш аз 82,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Маблағгузории лоиҳаҳо пурра аз ҳисоби сармояи бахши хусусӣ таъмин гардида, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат буда, тавассути ҳамкории мутақобили судманди давлат ва соҳибкорон ба рушди инфрасохтор, беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ ва таҳкими рақобатпазирии иқтисодиёт мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






