Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе зиёда аз 1000 бех арча шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Низоми Ганҷавии ноҳияи Сино, хиёбони Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур ва шаҳраки 61-и ноҳияи Фирдавсӣ бо риояи талаботи агротехникӣ зиёда аз 1000 бех арча шинонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, маъракаи ниҳолшинонӣ дар доираи ташаббуси «400-рӯзи ташаббускорӣ-иқдоми ҳизбиёни пойтахт барои таҷлили 35-солагии соҳибистиқлолӣ» ва дар доираи татбиқи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт баргузор шуда, дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи марказӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрию ноҳиявии ҳизб фаъолона иштирок намуданд.
Чунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар фасли зимистону баҳор ба хотири Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 ба роҳ монда мешавад.
Бояд гуфт, ки шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ дар баробари ҳусни зебо зам намудан ба симои пойтахт, инчунин дар нигоҳ доштани экосистемаи замин, ҳифзи муҳити зист ва дар маҷмуъ ба татбиқи «Стратегияи рушди иқтисодии сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» саҳм мегузорад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе








«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад






