Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид

Февраль 16, 2026 16:00

ДАНҒАРА, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар майдони Парчами давлатӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ доданд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар»  45 даста аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд. Тибқи талаботи низомномаи озмун 3 даста ба даври вилоятӣ роҳхат дода шуд.

Дар озмун ҷойи якум насиби хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 60, ҷойи дуюм насиби хонандагони Муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 ва ҷойи сеюм насиби хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 гардид.

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Февраль 16, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд