Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад

Февраль 18, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе 67 нафар мураббиёну варзишгарони комёбу муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2025 ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил  гардидаанд, бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ғолибони озмуни ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», «Беҳтарин воситаи ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш» ва «Варзишгар-навраси умедбахш» дар соли 2025 муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.

Бояд иброз намуд, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалалии варзишӣ бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.

Аз ҷумла, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 67 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо тибқи рӯйхати замимагардида 2 миллиону 40 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд