Дар Маркази миллии патенту иттилоот оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии патенту иттилоот хабар медиҳад.
Зимни ҷамъомад директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Мирзо Исмоилзода иброз дошт, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2025 пешниҳод гардид, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлатро муайян менамояд. Дар ин ҳуҷҷати сиёсӣ масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсати хориҷӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба рушди иқтисоди миллӣ диққати махсус зоҳир гардид. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки саноатикунонии босуръат, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна омилҳои асосии пешрафти иқтисоди мамлакат ба шумор мераванд. Ин раванд метавонад боиси зиёд гардидани ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ гардад».
Иброз гардид, ки дар ин санади муҳим масъалаҳои иҷтимоӣ низ дар маркази диққат қарор доштанд. Президенти Тоҷикистон ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳамчун пояи асосии рушди ҷомеа ишора намуда, зарурати баланд бардоштани сифати таҳсил, омода кардани мутахассисони рақобатпазир ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббиро таъкид намуданд.
Дар бахши сиёсати ҷавонон ва фарҳанг баён карда шуд, ки ҷавонон неруи созанда ва ояндасози миллат мебошанд. Аз ин рӯ, тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ бояд дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта бошад.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






