Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Анъанаи артишдории тоҷикон ва ҷойгоҳи Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳифзи истиқлоли мамлакат» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки ҳамасола 23 феврал дар саросари мамлакат Рӯзи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси ифтихор ва арҷгузорӣ таҷлил мегардад. Ин сана рамзи пойдории давлатдорӣ ва яке аз пояҳои муҳими истиқлоли миллӣ ба ҳисоб меравад.
Таъкид шуд, ки Артиши миллӣ на танҳо ниҳоди ҳарбӣ, балки кафили суботу амният, ҳомии истиқлол ва посдори арзишҳои давлатдорӣ мебошад. Дар ин замина аз хизматҳои арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ карда шуд. Иброз гардид, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти олии давлат дар давраи ниҳоят ҳассосу тақдирсоз Артиши миллӣ аз сифр таъсис ёфта, дар муддати кӯтоҳ ба неруи муназзам ва тавоно табдил дода шуд.
Таъкид шуд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва дар шароити печидаи сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон қарзи ватандӯстиашонро бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба ҷо оварданд. Онҳо дар роҳи ба эътидол овардани вазъияти мамлакат, ҳифзи сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистию террористӣ рисолати фарзандию шаҳрвандиашонро ба таври шоиста иҷро намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
Дар Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бошукуҳ таҷлил мегардад
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?






