Дар назди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарахтони навъи магнолия шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал дар назди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 16 дарахти навъи магнолия ва дигар дарахтони ҳамешасабз шинонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Маъракаи ниҳолшинонӣ бо ҳадафи ободу зебо гардонидани муҳити атроф, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва тақвияти фарҳанги сабзкорӣ баргузор гардида, саҳми кормандону олимони муассисаро дар татбиқи сиёсати созанда ва рушди устувори пойтахт боз ҳам таҳким мебахшад.
Бояд гуфт, ки дарахти магнолия ба гурӯҳи дарахтони баланди ороишӣ мансуб буда, бӯйи муаттари лимӯ хориҷ менамояд. Вобаста ба гуногунӣ гулҳои ин дарахт метавонанд сафед, гулобӣ, арғувонӣ ва сурх шаванд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд






