Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз — аз 20 то 25 марти соли 2026 қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистонро дар доираи хатсайри ягона мепайвандад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ба хатсайр шаҳрҳои Алмато, Туркистон, Самарқанд, Душанбе ва Тошканд бо бозгашт ба Алмато дохил мешаванд. Барномаи сафар бо қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») шиносоӣ бо фарҳанг, анъана ва мероси мусиқии халқҳои Осиёи Марказиро дар бар мегирад.
Гуфта мешавад, ки қарор дар бораи ташкили қатораҳои сайёҳӣ байни Қазоқистон ва Узбекистон охири соли 2024 қабул шуда буд. Соли 2026 нахустин маротиба масири лоиҳа то Душанбе –пойтахти Тоҷикистон дароз карда шуд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






