Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид

Февраль 10, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар зеристгоҳи барқии «Юмгон»-и шаҳри Бӯстон ду трансформатори муосир насб карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Трансформаторҳои қаблан мавҷудаи зеристгоҳ дорои тавоноии 16 ҳазор киловолт-ампер буда, зиёда аз 40 сол истифода гардиданд. Бо насби трансформаторҳои муосир иқтидори умумии зеристгоҳ аз 32 ҳазор киловолт-ампер то 50 ҳазор киловолт-ампер афзоиш ёфт.

Бо татбиқи ин иқдом имконияти таъмини боэътимоди неруи барқ, кам намудани сарбории шабакаҳо, пешгирии қатъшавиҳои технологӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа таъмин мегардад.

Ҳамзамон бо анҷоми корҳои навсозӣ сатҳи эътимоднокии таҷҳизоти барқӣ баланд шуда, муҳлати хизмати зеристгоҳи барқии «Юмгон» барои солҳои дароз тамдид гардид.

Ин тадбир ба беҳтар гардидани сифати таъмини неруи барқ, истифодаи самараноки иқтидор ва мутобиқ гардонидани зеристгоҳ ба талаботи муосири соҳаи энергетика мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 10, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд