Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дастгирии соҳибкорон дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 ба номи Абурайҳон Берунии шаҳри Ҳисор бинои иловагии таълимӣ барои 1600 хонанда сохта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Бинои иловагии таълимӣ барои 1600 хонанда дар се ошёна бо 33 синфхона, китобхона, синфхонаҳо- озмоишгоҳҳои физика, кимиё, омӯзиши компютер ва утоқ барои омӯзгорон бунёд ёфта, дар соли хониши 2026-2027 ба истифода дода мешавад.
Роҳбарияти шаҳр иттилоъ дод, ки дар деҳаҳои Муъминобод ва Лангари Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод сохтмони ду бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 30 ва 36 идома дорад.
Иброз гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр синфхонаю утоқҳои кории муассисаҳои тозабунёдро бо ҷиҳози хониш, аз ҷумла мизу курсӣ таъмин менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд






