Дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ Нигина Ализода ва Александр Хвтисиашвили баргузор гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо ҷонибҳо оид ба дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба табодули афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими музокироти сиёсӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин рушди робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг зоҳир гардид.
Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ низ табодули афкори судманд доир шуд. Дар ин росто азми ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории зич дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои бисёрҷониба тасдиқ гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти тамосҳои мунтазамро дар сатҳҳои гуногун таъкид карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






