Дар шафати роҳи байналмилалии шаҳри Панҷакент беш аз 1500 бех ниҳол шинонида шуд

Февраль 15, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 15.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2040» дар шафати роҳи байналмилалии ҳудуди деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ва сокинони деҳоти Саразм иштирок намуда, беш аз 1500 бех ниҳоли ороишӣ ва сояафкан шинониданд.

Чунин ҳашарҳои ниҳолшинонӣ дар дигар деҳот низ гузаронида мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Февраль 15, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд