ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
РӮДАКӢ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин ноҳия зиёда аз 700 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шинонида шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Зимни ҳашари муҳими экологӣ иброз гардид, ки ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани фарҳанги экологӣ ва сабзгардонии атроф вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст мебошад. Зебо гардонидани муҳити зист дар беҳдошти вазъи экологии минтақа, пешгирии эрозияи хок ва фароҳам овардани фазои солиму мусоид барои сокинон нақши муҳим дорад.
Иброз гардид, ки чунин иқдом бояд пайваста ва бо ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон доир гардад, зеро маҳз насли ҷавон метавонад дар оянда ҳифзкунандаи воқеии табиат ва арзишҳои миллӣ бошад.
Дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026, инчунин ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ имсол зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд






