Дар Тоҷикистон бақайдгирии таваллуд 1,4 фоиз зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соли 2025 мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 255,1 ҳазор кӯдакони навзодро ба қайд гирифт. Дар ин хусус директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 9 феврал дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.
Ҳамчунин иброз гардид, ки соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 1,4 фоиз зиёд шудааст. Зиёдшавии бақайдгирии таваллуд дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Дар вилояти Хатлон зиёдшавии бақайдгирии таваллуд 105,4 ҳазор нафар ё 1,9 фоиз, дар вилояти Суғд 62,8 ҳазор нафар ё 1,4 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 57,9 ҳазор нафар ё 1,2 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 25,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Зиёдшавии таваллуд ба афзоиши табиии аҳолӣ мусоидат мекунад. Аз рӯи маълумоти пешакӣ, соли 2025 бақайдгирии таваллуд нисбат ба соли 2024 ба анзодаи 1,0 фоиз зиёд шуда, 220,7 ҳазор нафарро ташкил дод, ки ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 20,8 нафар рост меояд.
Тибқи таҳлили коршиносон, афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,4 фоизро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 ба 76,3 сол расидааст.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои судманд меандешад. Дар айни замон дар мамлакат «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 34,4 ҳазор шахсони фавтидаро ба қайд гирифтаанд.
Коэффитсиенти умумии таваллуд ва коэффитсиенти умумии фавт аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 24,0 ва 3,2 нафар рост омадааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






