Дар Тоҷикистон низоми нави омодасозии кадрҳои илмӣ — постдокторантура амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 таъкид гардид, ки «рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад». Маҳз бо ҳамин сабаб дар ҷумҳурии мо мақомоти дахлдори давлатию ҷамъиятӣ ва аҳли илму маориф пайваста кӯшиш менамоянд, ки шаклҳои нави таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои ҷавони илмиро ба роҳ монда, барои ҳамқадам гаштани ҷумҳурӣ бо пешрафти илмию технологии ҷаҳони муосир саҳм гузоранд. Амалӣ сохтани низоми нави омодасозии кадрҳои илмӣ – постдокторантура аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад.
— Тавре маълум аст, постдокторантура шакли эътирофшудаи омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ барои ба таври амиқ азхудкунии донишҳои назариявӣ ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ аз ҷониби докторҳои фалсафа (PhD) буда, баъд аз гузаштан аз ин марҳала ба муҳлати на камтар аз се сол ва пас аз ҳимояи рисолаи илмии дахлдор ба ин гуна довталабон дараҷаи илмии доктори ҳабилитат (Habilitated Doctor ё мухтасаран Dr. habil.) дода мешавад. Постдокторантура ва додани дараҷаи илмии доктори ҳабилитат дар як қатор давлатҳои пешрафтаи олам, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Австрия, Швейтсария, Чехия, Словакия, Словения, Венгрия, Фаронса, Португалия, Полша ва ғайра амал мекунад. Аз давлатҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ постдокторантура дар Қазоқистон, Молдова ва Русия амал кунад ҳам, вале танҳо дар Молдавия он бо додани дараҷаи илмии доктори ҳабилитат ба анҷом мерасад. Дар Тоҷикистон низ бо иқдоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати мамлакат аз 30 ноябри соли 2018 дар бораи тасдиқи «Низомномаи постдокторантура» қабул гардида, тибқи он дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ тадриҷан гузариш ба ин шакли эътирофшудаи омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ амалӣ мегардад. Ин қадами устувор дар пешрафти илми ватанӣ ва ворид шудани он ба фазои ҷаҳонии илму таҳсилот маҳсуб мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти постдокторантура дар мамлакатҳои гуногун ба таври мухталиф амалӣ мегардад, аммо моҳияти он, ки аз се унсури асосӣ иборат аст, ягона боқӣ мемонад: 1) барои дохилшавӣ ба постдокторантура ва гирифтани дараҷаи доктори ҳабилитат танҳо онҳое ҳуқуқ доранд, ки қаблан ба докторантура аз рӯйи ихтисос фаро гирифта шуда, ба онҳо дараҷаи илмии доктори фалсафа аз рӯйи ихтисос (PhD) дода шудааст; 2) муҳлат байни хатми докторантура аз рӯйи ихтисос ва дохилшавӣ ба постдокторантура бояд 3-6 солро ташкил диҳад (вобаста аз давлатҳо буда, дар Тоҷикистон ин муҳлат на камтар аз 3 сол муайян гардидааст); 3) хатмкунандаи постдокторантура, ки довталаби дараҷаи илмии доктори ҳабилитат аст, бояд ҳатман рисолаи дахлдори илмӣ ҳимоя кунад, ки сатҳи он нисбат ба рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз ҷиҳати сифат (бо мундариҷаи таҳқиқот) ва миқдор (бо ҳаҷми таҳқиқот) баландтар буда, такрори он набошад ва натиҷаҳои нави илмӣ ва нуктаҳои асосиеро дар бар гирад, ки ба ҳимояи оммавӣ пешниҳод мешаванд.
Маҳз бо назардошти ҳамин таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ҷумҳурии мо «Низомномаи постдокторантура» қабул гардида, дар он хосиятҳои асосии барномаи таҳсил дар постдокторантура ва талабот ба рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат, тартиби қабул ба постдокторантура ва ташкили фаъолияти он, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои постдокторант, таснифоти ихтисосҳо, ки ба таснифоти ихтисосҳо дар докторантура аз рӯйи ихтисос як аст ва муқаррароти дигар дар ин соҳа муайян карда шудаанд. Аз ин рӯ бо тамоми ҷузъиёти постдокторантура ва мақоми шахси соҳиби дараҷаи илмии доктори ҳабилитат аз ин низомнома маълумоти комил гирифтан имкон дорад (матни онро дар портали иттилоотии ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ пайдо кардан мумкин аст: http://portali-huquqi.tj/publicadliya/view_qonunhoview.php?showdetail=&asosi_id=21573&language=tj). Фақат ҳаминро бояд таъкид намуд, ки тибқи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти постдокторантура ба таври мушобеҳ бо докторантураи анъанавӣ ба роҳ монда мешавад.
Аз ин гуфтаҳо хулоса кардан мумкин аст, ки постдокторантура барои аксари шаҳрвандони ҷумҳурии мо падидаи нав буда, барои дарки бештари моҳияти он якчанд муқоиса зарур меояд. Ин, пеш аз ҳама, ба муқоисаи низоми пештара ё анъанавии омодасозии кадрҳои соҳиби таҳсилоти олӣ ва дараҷаҳои илмӣ бо низоми нав ё бисёрзинагӣ дахл дорад, ки дар шакли ҷадвал онро чунин тавзеҳ додан мумкин аст:
| Зинаҳои таҳсилот ё дараҷаҳои илмӣ дар низоми анъанавӣ | Зинаҳои таҳсилот ё дараҷаҳои илмӣ дар низоми нави бисёрзинагӣ |
| Таҳсилоти олии 4-5-сола бо гирифтани дараҷаи мутахассис | Бакалавриат бо гирифтани дараҷаи бакалавр (4 сол)
Магистратура бо гирифтани дараҷаи магистр (2 сол) |
| Аспирантура ё унвонҷӯӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм | Докторантура аз рӯйи ихтисос барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа аз рӯйи ихтисос (PhD) |
| Докторантура ё шаклҳои дигари омодасозӣ (гузаронидан ба вазифаи ходими илмӣ, додани рухсатии эҷодӣ) барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм | Постдокторантура барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат |
Тавре аз ҷадвал аён аст, агар дараҷаи илмии доктори фалсафа аз рӯйи ихтисос (PhD) бо дараҷаи илмии анъанавӣ – номзади илм баробар бошад, пас дараҷаи илмии доктори ҳабилитат бо дараҷаи илмии анъанавии доктори илм баробар аст. Аз ин рӯ, одатан, баъди иҷрои талаботи муайян ба доктори фалсафа аз рӯйи ихтисос (PhD) унвони илмии дотсентӣ ва ба доктори ҳабилитат унвони илмии профессорӣ дода мешавад. Дар ин росто бояд ба назар гирифт, ки дар баъзе давлатҳо доктори ҳабилитат ба ҳайси унвони илмӣ аст, на дараҷаи илмӣ, ки баробар бо «профессори комил — «Full Professor» мебошад. Аммо дар раванди омодасозии кадрҳои илмӣ аз тариқи постдокторантура доктори ҳабилитат танҳо маънои дараҷаи илмиро дошта, ин дар «Низомномаи постдокторантура» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарҷ гаштааст. Ба ибораи дигар, доктори ҳабилитат ин ҳамон доктори илм аст, ки дар низоми анъанавии омодасозии кадрҳои илмӣ вуҷуд дорад.
Дар маҷмуъ, татбиқи амалии постдокторантура ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки дар омодасозии кардрҳои ҷавони илмӣ бештар саҳм гузошта, дар иҷрои дастури Пешвои миллат оид ба гузоштани заминаи мустаҳками илму маорифи миллӣ дар сафи пеши амалисозандагони босамари сиёсати давлатӣ дар ин соҳаҳо қарор дошта бошанд.
Хуршед ЗИЁӢ,
муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор
АКС: АМИТ «Ховар»








Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
2 феврал – Рӯзи ҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Мавзуи асосии сурудаҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он мебошанд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — намунаи барҷастаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон
Дар Академияи миллии илмҳо ҷашни Садаро бо намоиши дастовардҳои олимони соҳаи кишоварзӣ таҷлил намуданд
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.
САДА — ҶАШНИ СУННАТИИ КИШОВАРЗОН. Он мардумро ба покизагӣ, некандешӣ, ватандӯстӣ ва дӯстию рафоқат ҳидоят менамояд






