Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Февраль 23, 2026 20:30

ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Зимни ҳамоиш Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз каҳрамонию шуҷоати ҷавонмардонаи сарбозону афсарони Артиши миллӣ ёдовар шуд. Иброз гардид, ки Кувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз рӯзҳои аввали таъсис, бо вуҷуди мавҷудияти мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, норасоии техникӣ, набудани шароити моддӣ-маишӣ ва иншооти хизматрасонӣ тавонистанд масъулияти ба зиммадоштаашонро сарбаландона иҷро намоянд.

Баён гардид, ки сол аз сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ бехтар мегардад. Аз ҷумла, дар қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароиту имконияти  хизмат барои сарбозон куллан тағйир ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми чанд соли охир бино ва иншооти  маъмурию хизматрасонии қисму воҳидҳои қӯшунҳои дохилӣ бунёд ва навсозӣ гардид. Барои беҳдошти фаъолияти хизматӣ, истироҳату фароғат ва вазъи моддӣ-маишӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Таъкид гардид, ки сарбозони далери қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ буда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо менамоянд. Онҳо донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони равона месозанд.

Дар охир як зумра сарбозону афсарон бо Сипоснома, Ифтихорнома, нишонҳои сарисинагӣ, медал ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2026 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд