Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар доираи нақшаи фаъолияти ҳаракат барои соли 2026 бо иштироки хонандагону омӯзгорони Литсейи давлатии №1 ба номи Муҳаммад Олим ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти Даҳана, Обшорон, Чоргул, Ситораи Сурх, Ҳасан Ҳусейнов ва Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон дар мавзуи «Нақши волидайн ва омӯзгор дар таҳкими фарҳанги тарбия, худогоҳию худшиносии миллии фарзандон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини Раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ва дигарон сухан гуфтанд.
Иброз гардид, ки чунин ҳамоишҳо барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдат, сулҳу дӯстӣ ва таҳкими ҳамгироии мардум муҳим мебошанд. Таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баракати сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми Тоҷикистон имрӯз дар фазои суботу оромӣ зиндагӣ намуда, дар раванди бунёдкорӣ қадамҳои устувор мегузоранд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба хатарҳои замони муосир, равандҳои ҷаҳонишавӣ, вазъи минтақавӣ ва байналмилалӣ, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бо хурофот ва ҷаҳолат, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ ибрози назар намуданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории пайвастаи оила, мактаб ва волидайн омили асосии ташаккули оилаи солим ва ҷомеаи солим мебошад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҷаҳони муосир ба тафаккури кушод, фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти иҷтимоӣ ниёз дорад. Омузгорон бояд муҳите фароҳам оранд, ки дар он хонандагон арзишҳои миллӣ, эҳтироми мутақобил ва иродаи созандаро дар ниҳоди худ ташаккул диҳанд.
Дар анҷом ба зиёда аз 600 нафар хонандагону омузгорони Литсейи давлатии №1 туҳфаҳои Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардиданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон


















Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






