ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Умари Хайём»-и шаҳри Душанбе 300 бех ниҳол шинонида шуд

Февраль 17, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, инчунин дар заминаи Соли вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Умари Хайём»-и шаҳри Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гайэл Рабалланд иштирок намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ зиёда аз 300 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуданд.

Иброз гардид, ки ин ҳама талошу тасмимҳо ба беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти саросарии экологии аҳолӣ равона гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки соли 2025 дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  таҳия ва қабул гардид. Самти асосии ин барнома ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст.

Таҳия ва қабули «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  иқдоми муҳимми  мамлакати  мо дар самти ҳалли мушкилоти  обу иқлим  арзёбӣ мегардад. Интизор меравад, ки дар доираи татбиқи ин санади муҳим то соли 2040 дар Тоҷикистон беш аз ду миллиард бех ниҳоли дарахтони  ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуда, Тоҷикистон   ба «кишвари сабз» табдил дода шавад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 17, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад