ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид

Февраль 11, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар шафати роҳи Бохтар-Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ 1500 бех ниҳоли сӯзанбарг ва 1000 бех ниҳоли писта шинонида шуд. Ниҳолҳои шинонида дар оянда ба зебоии манзараи роҳ, беҳтар гардидани ҳавои тоза ва ҳифзи муҳити зист мусоидат менамоянд.

Ин ташаббус ҳамзамон дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Ҳадафи асосии он саҳмгузорӣ дар ободонии муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологии минтақа ва афзоиши майдонҳои сабз мебошад.

Иброз гардид, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дошта, мақсад аз он боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ободонӣ ва саҳм гузоштан дар рушди устувори минтақа мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Февраль 11, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд