ДАРАХТ БИНШОН! Дар Тоҷикистон намоиш — фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда оғоз гардиданд

Февраль 8, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 08.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон дар ду давра: моҳҳои январ-феврал ва ноябр-декабр маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор мегардад. Дар ин давра ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда ташкил карда мешаванд. Ин иқдом тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2026 тасдиқ гардидааст, амалӣ мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили ниҳолхонаҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар маҷмуъ 63 гектар қитъаи замин дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷудо ва ба мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маҳалҳо вобаста карда шудааст.

Қитъаҳои замин таворабандӣ гардида, дар онҳо ба миқдори 216 ҳазору 125 бех қаламча-кӯчати навниҳолони дарахту буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст. Инчунин ба миқдори 1 ҳазору 818 килограмм тухмии ниҳоли дарахтон кишт карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд, ки 107 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Новобаста ба гармии тоқатфарсои тобистони соли 2025 аз маҷмуи умумии ниҳоли дарахтони шинонида қариб 70 фоизаш нашъунамо ва сабзиши хуб дорад.

Тавре аз Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ доданд, дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар шафати роҳҳои мошингарди мамлакат беш аз 5 миллион бех ниҳол шинонида, дар канори роҳҳо «камарбанди сабз» таъсис дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2024 санади муҳим «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намуд. Дар доираи амалишавии ин барнома, дар муддати 14 соли оянда дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад.

Тадбирҳои ин барнома ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, барқарор кардани ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳ доштани тавозуни устувори табиӣ ва мутобиқ шудан ба равандҳои тағйирёбии иқлим равона карда шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 8, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд