Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд

Февраль 25, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар шаҳри Душанбе машқҳои дастҷамъонаро барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона ба муқобили дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ  оғоз кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, машқҳо дар пойтахт то 26 феврал идома меёбанд. 27 феврал духтарони тоҷик ба шаҳри Дубай сафар карда, онҷо бо дастаи яккачини Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Вохӯриҳо 1 ва 5 март баргузор карда мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

 

Февраль 25, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд