Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид

Февраль 24, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026», ки дар шаҳри Минск баргузор шуд, зинаи панҷумро соҳиб шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа наврасони Тоҷикистон дастаи Минскро (1:0) мағлуб карда, аз тимҳои Беларус (1:6) ва Қазоқистон (1:3) шикаст хӯрд. Дар рақобат барои ҷойи панҷум дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бар дастаи Озарбойҷон (U-17) бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд.

Иштирок дар «Ҷоми рушд-2026» ба дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон имкон дод, ки таҷрибаи байналмилалӣ касб карда, малакаашро рушд ва омодагиро ба мусобиқаҳои расмии дарпешистода идома диҳанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 24, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад