Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масоили мубрами ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, ташкили таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисоси ҳайати профессорию омӯзгорӣ, ҷалби мутахассисон барои баргузории машғулият ва семинарҳои омӯзишӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо муассисаю ташкилоти Британияи Кабир дар мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот муҳиммияти имзои Созишномаи ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир — NCUK таъкид гардида, иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ва ниҳодӣ ба QAA дархост пешниҳод намудааст, ки баргузории он соли 2026 дар назар аст.
Сафир бо самтҳои асосии «Стратегияи рушди донишгоҳ барои давраи то соли 2040» шинос гардида, ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи марҳилавии ташаббусҳои муштарак дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда изҳори омодагӣ намуданд.
Убайдулло Асрорзода бо истифода аз фурсат хонум Кэтрин Смиттонро даъват намуд, ки барои даъвати ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Британияи Кабир, роҳбарону намояндагони созмонҳо ва сармоягузорон бобати иштирок дар Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд”, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад, мусоидат намояд.
Сафири Британияи Кабир ҳамчунин бо фаъолияти воҳидҳои сохтории донишгоҳ, студияи таълимӣ, маркази «Дипломатияи сабз», марказҳои забономӯзӣ, маркази идораи лоиҳаҳо, инфрасохтори рақамӣ ва пойгоҳи муосири омодасозии кадрҳои баландихтисос шинос гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






