Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр ба яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ҳисор рафта, бо шароити хизмати сарбозону афсарон шинос шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи ин ташаббус таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба хизмати содиқонаи ҳомиёни Ватан ва боло бурдани руҳияи маънавии ҷавонон мебошад.
Зимни вохӯрӣ бо сарбозон хизмату фидокории онҳо дар ҳифзи истиқлолият, амният ва суботи мамлакат муҳим арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, ҷавонони шуҷоъ ва ватандӯст бо хизмати софдилона сулҳу оромӣ ва амнияти ҷомеаро таъмин менамоянд.
Таъкид гардид, ки эҳтиром ба сарбоз ва қадршиносии хизматчиёни ҳарбӣ нишонаи эҳсоси баланди шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Донишҷӯёни муассиса бо шароити хизмат, тартиби рӯз, имконияти таълимӣ ва моддию техникии қисми ҳарбӣ, дар маҷмуъ бо ҳаёти сарбозони ин қисми низомӣ шинос шуданд. Чунин мулоқот барои донишҷӯён дарси амалии ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳисобида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






