Донишгоҳи давлатии Кӯлоб омузгоронро барои ҳимояи рисолаи докторӣ бо 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ менамояд

Февраль 2, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ омузгоронеро, ки аз 1 сентябри соли 2026 рисолаҳои докторӣ ҳимоя менамоянд, ба маблағи аз 30 000  сомонӣ то 40 000 сомонӣ ҳавасманд менамояд.  Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Мунир Сафарзода иттилоъ дод.

Ҳамчунин иброз гардид, ки дар ҳошияи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 аз 1 сенябри соли 2026 дар доираи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳаҷми маблағи ҳавасмандӣ барои дифои рисолаҳои номзадӣ 10 000 сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 40 000 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо 90 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, бо 4 муассисаи хориҷӣ шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Дар самти рушди таълими забони англисӣ ва таҳқиқоти забоншиносӣ ду лоиҳаи нави грантӣ пешниҳод карда шудааст.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Февраль 2, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад