Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд

Февраль 17, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон довари ФИФА оид ба футзал Суҳроб Сатторовро, ки бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2026-ро ҳакамӣ кард, қадрдонӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Ҷоми футзали Осиё-2026, ки чанд рӯз қабл дар Индонезия ба анҷом расид, Суҳроб Сатторов маротибаи  аввал фаъолият намуд. Дар аввалин мусобиқаи қитъавии худ довари Тоҷикистон касбияти баланд ва доварии олӣ нишон дод.

Эътирофи кори муваффақонаи ӯ таъйин шудан ба вазифаи довари бозии ниҳоии мусобиқа байни дастаҳои яккачини Эрон ва Индонезия буд. Ҳакамии Суҳроб Сатторов дар бозии ҳалкунандаи Ҷоми Осиё ҳам барои худи ӯ ва ҳам барои тамоми ҷомеаи футзали Тоҷикистон дастоварди назаррас аст.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов Суҳроб Сатторовро бо анҷоми муваффақонаи мусобиқа табрик гуфта, гуфт, ки ҳунарнамоии ӯ дар Ҷоми Осиё далели сатҳи баланди омодагии доварони мост.

Довар Суҳроб Сатторов аз роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон  барои эътимод ва дастгириашон изҳори сипос кард.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 17, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд