ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Далер Каёсов барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон сафар кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи «Prayer for Peace; Hiroshima International Youth Soccer Games» аз 18 то 24 феврал баргузор мешавад. Тибқи муқаррарот, иштирокчиён бо ҳамдигар дар як давр бозӣ мекунанд. Дар мусобиқа инчунин дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Ҷопон, дастаи музофоти Хиросима (U-18) ва тими Академияи «Санфречче Хиросима» (U-18) иштирок мекунанд.
Барои дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон иштирок дар ин мусобиқа марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мебошад, ки дар Арабистони Саудӣ доир мегардад. Дар марҳилаи гурӯҳӣ наврасони мо дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Тайиланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) рақобат хоҳанд кард.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






