Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад

Февраль 23, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ — сипари боэътимоди давлат ва кафили сулҳу суботи мамлакат» ҳамоиши ҳарбӣ-ватандӯстӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар ҷамъомад аз нақши таърихию мондагори Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ёдоварӣ гардид. Изҳор шуд, ки маҳз сиёсати хирадмандона, иродаи устувор ва талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат имкон дод, ки Артиши миллӣ аз марҳилаи ташаккули душвор гузашта, имрӯз ба неруи боэътимоди ҳифзи истиқлолият ва амнияти ҷумҳурӣ табдил ёбад.

Сарбозону афсарони тоҷик бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ рисолати муқаддаси худ — ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияти давлату ҷомеаро бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.

Гуфта шуд, ки Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо иди касбии хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҷашни тамоми мардуми ҷумҳурӣ мебошад. Хизмат дар сафи артиш нишонаи ҷасорат, матонат, садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ аст.

Барномаи фарҳангии фараҳбахшу дилнишини шуъбаи фарҳанги донишгоҳ пешкаши иштирокдорон гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Февраль 23, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад