Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияи Ховалингро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо намудаанд, ки 5 ҳазору 46 нафари онҳоро гардишгарони хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг хабар медиҳад.
Айни замон дар ноҳия 2 ширкати сайёҳӣ («Садои кӯҳсор» ва «Khovaling Freland Edvancher»), 8 меҳмонхона, 4 мавзеъи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 6 осорхона, 12 чойхона, 1 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 2 харитаи сайёҳӣ ва 60 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст.
Дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг шумораи зиёди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла оромгоҳ-мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол воқеъ мебошанд, ки макони писандидаи сайёҳон гардидаанд.
Мавзеъҳои таърихии ноҳия, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳи Севардара, Чепол ва Харгушон дар самти сайёҳии бостоншиносӣ аҳамияти муҳим доранд. Бозёфтҳои аз деҳаи Кулдара ёфтгардида бозгӯйи ҳаёти инсонҳои қадимаи асри санг мебошад.
Маъбади Буддои Чепол яке аз ёдгориҳои арзишманди таърихии Тоҷикистон буда, баъди дайри буддоии Аҷинатеппа аз мавзеи Чеполи ноҳияи Ховалинг пайдо гардид. Бозёфтҳои аз ин ёдгорӣ дарёфтгардида, дар Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии ноҳия ва дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамасола осорхонаи ноҳияро шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намуда, олимон аз кишварҳои Олмон, Русия ва Фаронса дар ин осорхона таҳқиқот мебаранд.
Ноҳия бо дигар мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ — мамнунгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, Дараи Мухтор, Сангтуда, Ёдгориҳои табии Чилчанор, шаҳри Мунк, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Авлиёи Зелолак, чашмаи Қазған, чашмаи Сурсақова, Санги Рама, Кӯлдара, Хонақоҳи Севодара, Сурсақова дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили таърихӣ – фарҳангӣ, кӯҳӣ, экологӣ, зиёратӣ ва истироҳатӣ мусоидат менамояд.
Яке аз дастовардҳои дигар дар самти рушди сайёҳӣ -дар ноҳия мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингарди Чилдухтарон — Ховалинг мебошад. Ин роҳ, ки ноҳияи Ховалингро бо Ҷамоати деҳоти Чидухтарони ноҳияи Муъминобод мепайвандад, бо ибтикори соҳибкорон сохта шуда, барои ҷалби сайёҳони бештар ба ноҳия мусоидат намуд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бунёди 200 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Айни замон 190 иншоот сохта, мавриди истифода қарор дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад






