Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бишкек Форуми B5+1 баргузор гардид, ки зимни ифтитоҳи он Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода сухан намуд. Раиси кумита ҳавасмандии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои ҳамкории зич ва самараноктар таъкид намуда, инчунин самаранокии қолаби C5+1-ро ҳамчун платформаи ҳамкории амалӣ арзёбӣ кард.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар форум намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва ташкилоти байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико иштирок намуданд.
Форуми B5+1 ба масъалаҳои беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва густариши ҳамкорӣ байни соҳибкорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои минтақа бахшида шуд.
Таъкид гардид, ки Саммити «Осиёи Марказӣ – Амрико» ва конфронси соҳибкорие, ки дар доираи он моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Вашингтон баргузор шуд, ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ такони нав бахшиданд.
Султон Раҳимзода инчунин ба иқтидори сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои амалишаванда барои беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ, рушди иқтисоди «сабз», энергетика ва технологияҳои рақамӣ, ҳавасмандии мамлакат ба густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои амрикоӣ ишора намуд.
Кори форуми B5+1 дар шакли ҷаласаҳои панелӣ ва муҳокимаҳои мавзуӣ идома ёфт.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд






