«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид

Февраль 14, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол барои баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти мамлакат 9 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳмонзода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ дод.

Аҳмадҷон Раҳмонзода иброз намуд, ки соли 2026 таҳти сарпарастӣ ва ғамхории Пешвои миллат дар қисмати молиявии озмун нисбат ба соли 2025 барои баргузорӣ, ҳавасмандгардонии довталабон, масъулон, ҳайати ҳакамон ва гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки ин раванд аз ҳар нафари масъул нисбат ба иҷрои саривақтии Амри мазкур ҳисси масъулияти баланд талаб мекунад.

«Дар Низомномаи имсола баъзе тағйирот ворид гардидааст, аз ҷумла гурӯҳбандӣ шудани довталабони озмун, ки имкони бевоситаи иштироки онҳоро аз рӯйи маҳорат ва зинаи таҳсилот  аз рӯйи номинатсияи муайян таъмин менамояд. Яъне, он довталабоне, ки дар муассисаҳои таҳлисоти олии касбӣ аз рӯи шакли ғоибона ва маълумоти дуюм таҳсил мекунанд, бо гурӯҳи донишҷӯён иштирок карда наметавонанд», -афзуд номбурда.

Аз ҷумла, довталабони озмун ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

– гурӯҳи якум — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна умумӣ ва ибтидоии касбӣ;

– гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ);

– гурӯҳи сеюм – донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ба истиснои магистрантон, таҳсили ғоибона ва маълумоти дуюм);

– гурӯҳи чорум – магистрантон, ходимони илмӣ, (ба истиснои докторони илм, профессорон, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), муҳандисон, конструкторон. Намояндагони  касбу кори гуногун метавонанд танҳо дар ду номинатсия: зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ ва ихтироъкорӣ ва навоварӣ иштирок намоянд.

Аҳмадҷон Раҳмонзода изҳор дошт, ки Вазорати маориф ва илм нисбат ба иҷрои саривақтии амри мазкур назоратро ҷиддӣ ба роҳ монда, тасмим гирифтааст, ки бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама муассисаҳои зерсохтори худ ба тариқи баргузор намудани машваратҳои омӯзишӣ шарт ва талаботи Низомномаи озмунро пурра баррасӣ ва мавриди иҷро қарор диҳад.

Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
АГАР ДУОИ МОДАР БОШАД, РОҲ РАВШАН АСТ! Эҳдо ба Рӯзи Модар
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд