Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар, аз ҷумла дар 1000 гектар картошкаи барвақтӣ кишт карда мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ёрӣ нахустин шуда, ба кишти картошкаи барвақтӣ шуруъ намуданд.
Бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ дар хоҷагиҳои инфиродии «Хайрулло», «Аваз» ва дигарон то ин муддат дар 3,5 гектар картошка шинонида шуда, кишти он ҳоло идома дорад.
Таҷрибаи деҳқонони собиқадор собит менамояд, ки дар иқлими Ёрӣ аз картошкаи барвақтӣ, ки то баланд шудани ҳарорати ҳаво пухта мерасад, ҳосили хуб гирифтан мумкин аст. Онҳо имсол майдони кишти ин зироати муҳими ғизоиро ба 200 гектар мерасонанд, ки як қисми он барвақтӣ аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






