«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
ДУШАНБЕ, 17.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии таъсиси Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ иқдоми ватанпарваронаи «Китоб барои муҳофизони Ватан» идома дорад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳарбӣ ва бедор намудани завқи китобхонӣ байни сарбозон ба роҳ монда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин иқдом соли 2024 14 ҳазор китоб ва соли 2025 17 ҳазор китоб ҷамъоварӣ гардида, ба қисмҳои ҳарбии мамлакат тақдим карда шуд.
Иштирокчиёни иқдом метавонанд китоби дӯстдоштаашонро бо таманниёти нек ҳамчун туҳфа ба сарбозон ба бахшҳои кор бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҷо истиқомат доранд, супоранд. Инчунин акс ё видеои онро дар саҳифаҳои иҷтимоии худ гузоранд.
Китобҳои ҷамъоваришуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин дар шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон қабул гардида, минбаъд тибқи дархости сохторҳои қудратӣ, ки қисмҳои низомӣ дар тобеияти онҳо қарор доранд, ба сарбозон дастрас ва тақдим карда мешаванд.
Дар саҳифаҳои таърих қаҳрамонон ҳамеша аз зумраи сарбозони Ватан буданд, ки бо диловарӣ ва садоқати худ Ватанро ҳифз кардаанд. Иштирокчиёни ин ташаббус метавонанд дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ бо тақдими як китоб садоқати худро ба муҳофизони Ватан баён намоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






